Бунёди машқгоҳи автоматии мошинронӣ дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 7.07.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Роҳбарияти Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиа барои таъмиру таҷдиди машқгоҳи мошинронии автоматӣ дар шаҳри Душанбе иқдом намуда, айни ҳол дар ин иншоот корҳои таъмиру тармим ва сохтмону азнавсозӣ идома дорад. Бино ба иттилои котиби матбуотии ТҶММ Абдуракиб Қодиров, машкгоҳ имрӯз ба талаботи доир кардани машқҳои амалии ронандагӣ барои касбомўзон мувофиқ кардашуда, бо тамоми таҷҳизоти техникӣ ва асбобҳои аёнии таълимӣ ҷиҳати омўзонидан ва сайқал додани малакаи амалии ронандагӣ дар раванди омодасозии соҳибкасбони ин соҳа муҷаҳҳаз хоҳад гардид.Ташкили дарсҳои амалӣ дар ин машқгоҳи мошинронӣ имкон медиҳад, ки маҳорати ронандагони оянда дар идораи воситаҳои нақлиёт боло рафта, ҳолати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин пешгирӣ аз вазъияти садамавӣ ва рух додани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ беҳтар гардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






