Бурёкӯбони дипломатҳои тоҷик дар Васат Виҳар
Душанбе, 01.07.2014.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидзода).-Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ соҳиби бинои нави замонавӣ гардид. Ба ин муносибат дар бинои Сафорат бо иштироки дипломатҳои тоҷик, намояндагони ниҳодҳои кишвари иқомат, хусусан соҳибкорони ҳиндӣ, ки бо кишвари мо ҳамкории зич доранд, инчунин донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Ҳиндустон таҳсил менамоянд, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ҳиндустон Саидбег Саидов дар ҷамъомад доир ба паҳлуҳои мухталифи равобити ҳасанаи Душанбе ва Деҳлӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ маълумот дод. Бояд тазаккур дод, ки бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Деҳлӣ се ошёна буда, дорои беш аз 10 утоқи корӣ ва се толори пазироист, ки ба беҳтар гардидани фазои хидматӣ мусоидат менамояд. Дар таҳхонаи бинои нави Сафорат баҳри тарғиби фарҳанги тоҷикон Маркази фарҳангӣ, китобхона ва бойгонӣ ҷо дода мешавад. Аз Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар маҳали Васат Виҳар, ки шаҳраки дипломатӣ маҳсуб меёбад, воқеъ аст. Бинои сафорат бо лавҳаю нигоштаҳои тоҷикӣ оро дода шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






