Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Қурбонии 2 ҳазор сокинони ИроқДушанбе, 1.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дар Ироқ моҳи сипаришуда дар натиҷаи амалҳои террористӣ қариб 2 ҳазор нафар қурбон гардида, ҳазорҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Аксарияти ҳалокшудагон сокинони осоишта мебошанд. Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Тикрит нерўҳои давлатӣ амалиётро нисбат ба силоҳбадастон идома медиҳанд. Таркиш дар Миср Душанбе, 1.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар назди Қасри Президенти Миср дар шаҳри Қоҳира ду таркиши шадид ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса ду корманди ҳуқуқ ба ҳалокат расид. Дар ин мавзеъ яке аз ҳалокгардидагон кўшиш дошт, ки таҷҳизоти таркандаро безарар намояд, вале он якбора фаъол гардид. Президенти тозаинтихоби Миср Абдулфаттоҳ ал-Сиси ин амали террористонро қотеъона маҳкум намуд. Садамаи чархбол дар Амрико Душанбе, 1.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар штати Колорадои ИМА ҳавопаймои хурди якмуҳаррика бо сабабҳои номаълум ба садама дучор шуд. Ҳодиса дар минтақаи кўҳӣ, 90 километр дуртар дар қисми ғарбии шаҳри Денвер ба амал омадааст. Ҳавопаймо баъди ба фалокат дучор шудан оташ гирифта, дар пайи ин ҳодиса ду нафар бошандагони дохили ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд. Ғорати бонк дар Русия Душанбе, 1.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи сипаришуда гурўҳи номаълуми ғоратгарон ба яке аз бонкҳои шаҳри Анапаи Федератсияи Русия ҳамла намуда, дар натиҷа муҳофиз ва корманди ин бонкро тариқи корд захмӣ намудаанд. Кормандони соҳаи тиб вазъи саломатии захмиёнро вазнин нишон медиҳанд. Мувофиқи иттилои расида,ҳаҷми маблағи рабудашуда 100 миллион рублро ташкил медиҳад. Сухтор дар ИспанияДушанбе, 1.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар минтақаи Коста-дел- Сол воқеъ дар қисми ҷанубии Испания сўхтори ҷангалзор ба амал омад. Оташсўзӣ доман паҳн карда, ба минтақаҳои аҳолинишин то рафт наздик мешавад. Гуфта мешавад, ки қариб 600 нафар аҳолии минтақаи мазкуро ба ҷойҳои бехавф кўчонда шудаанд. Кормандони хадамоти оташнишонӣ бо истифода аз техникаи муосир дар минтақаи сўхтор фаъолият доранд. Тарҷумаи ИброҳимиҲабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






