Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Безараргардонии террорист дар Доғистон Душанбе, 3.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯзи гузашта дар пойтахти Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия шаҳри Махачқалъа ҳангоми амалиёти кормандони полиси кишвар як нафар ҷинояткор безарар гардонда шуд. Мувофиқи иттилои расида, террорист дархости кормандони мақомоти полисро дар хусуси таслим шудан рад карда, муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст. Фурӯрезии нақб дар Гондурас Душанбе, 3.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои «ИТАР-ТАСС» дирӯз дар шаҳри Чолутекаи қисми ҷанубии Гондурас як кони канданиҳои фоиданок фуру рафт. Бар асари ин ҳодиса 11 нафар кўҳкан дар дохили нақб дармонданд. Гуфта мешавад, ки то ҳол дар хусуси шумораи зарардидагон ва ҳалокшудагони ин ҳодиса маълумот дода нашудааст. Нишасти оҷили Айробус дар Амрико Душанбе, 3.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Ҳавопаймои ширкати «Кантас эйрвейз» Айробус А380, ки аз хатсайри шаҳри Лос-Анҷелос ба Мелбруни Австралия парвоз мекард, оҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Лос-Анҷелоси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бидуни ягон осеб ба замин нишаст. Гуфта мешавад, ки дар дохили ҳавопаймо 400 нафар мусофир қарор дошааст. Мутахассисон сабаби нуқсро муайян менамоянд. Хабари хадамоти кашшофии Финландия Душанбе, 3.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои Хадамоти кашшофии Финландия сохторҳои давлатии Финляндия ҳадафи ҳамлаи рамзшиканони компютерӣ дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфти Хадамоти кашшофӣ бештар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар мавриди ҳамлаи рамзшиканон қарор гирифтааст. Вохӯрии муҳоҷирони африқоӣ дар Олмон Душанбе, 3.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар шаҳри Берлини Олмон гуфтушунид дар байни чанд нафар муҳоҷирони африқоӣ ва ҳукуматдорони маҳаллӣ сурат гирифт.Мувофиқи иттилои расида, пас аз гуфтушунид ҳукумати маҳаллии шаҳри Берлин ба муҳоҷирон иҷозат дод, ки чанд муддати дигар дар дохили биноҳои нави таъмиршуда умр ба сар баранд. Вале, онҳо кўшиш доранд, ки ба гирифтани мақоми гуреза соҳиб шаванд. Аммо то ба ҳол ҳукуматдорони Олмон аз қонунӣ гардонидани ин талаботи онҳо худдорӣ менамоянд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






