Чангу ғубор то кай дар фазои кишвар боқӣ мемонад?

Июль 2, 2014 14:16

Душанбе, 02.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо ворид шудани мавҷи ҳавои гарм аз самти ҷануби кишвар фазои Тоҷикистонро аз 2 июл чангу ғубор фаро гирифт, ки тибқи иттилои ҳавошиносон он то 4 июл боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо дар чумҳурӣ 4-5 дараҷа паст фаромада, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар куҳҳо ва водиҳо пешгӯӣ карда мешавад.  Парвина Саидҷамолова-мудири шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки шуруъ аз 5 то 10 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ баланд гардида, дар ин давра дар вилояти Хатлон шабона 22-27 рӯзона 36-41, вилояти Суғд шабона 15-20 рӯзона 35-40, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шабона 18-20 ва рӯзона 38-39 дараҷа гарм хоҳад шуд. Имрӯз ҳавои пойтахт бо вуҷуди ғуборолуд буданаш рӯзона 35 ва шабона 23 дараҷа гарм мешавад. Бояд тазаккур дод, ки чунин вазъи ҳавои ғуборолуд ба нафароне, ки мубталои бемориҳои қалб, асаб ва роҳи нафасанд таъсири манфӣ мерасонад.

Июль 2, 2014 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст