Чангу ғубор то кай дар фазои кишвар боқӣ мемонад?
Душанбе, 02.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо ворид шудани мавҷи ҳавои гарм аз самти ҷануби кишвар фазои Тоҷикистонро аз 2 июл чангу ғубор фаро гирифт, ки тибқи иттилои ҳавошиносон он то 4 июл боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо дар чумҳурӣ 4-5 дараҷа паст фаромада, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар куҳҳо ва водиҳо пешгӯӣ карда мешавад. Парвина Саидҷамолова-мудири шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки шуруъ аз 5 то 10 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ баланд гардида, дар ин давра дар вилояти Хатлон шабона 22-27 рӯзона 36-41, вилояти Суғд шабона 15-20 рӯзона 35-40, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шабона 18-20 ва рӯзона 38-39 дараҷа гарм хоҳад шуд. Имрӯз ҳавои пойтахт бо вуҷуди ғуборолуд буданаш рӯзона 35 ва шабона 23 дараҷа гарм мешавад. Бояд тазаккур дод, ки чунин вазъи ҳавои ғуборолуд ба нафароне, ки мубталои бемориҳои қалб, асаб ва роҳи нафасанд таъсири манфӣ мерасонад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






