Чаро ҳодисаҳои ғарқшавии одамон афзоиш ёфта истодааст?
Душанбе, 17.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Боиси ташвиш аст, ки сол ба сол ҳодисаҳои ғарқшавии одамон афзоиш ёфта истодааст. Ҳарчанд, ки Кумита ба ин масъала диққати махсус медиҳад, вале шумораи ғарқшудагон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар зиёд мебошад», — иброз намуд Хайриддин Абдураҳимов раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Хайриддин Абдураҳимов ҳамчунин илова намуд, ки аз 31 нафаре, ки дар соли равон ғарқ шудаанд, 11 нафараш то сини 17 сола буда ва 20 нафари дигараш аз 17 сола боло мебошад. «Дар баробари ин наҷотдиҳандагони Кумита дар 149 амалиёти кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ иштирок намуда, 26 нафарро наҷот дода, инчунин дар натиҷаи корҳои бартарафкунии наҷотдиҳӣ, сангрезӣ, гузаронидани корҳои кофтукови рӯиобӣ ва зериобӣ 21 ҷасадро дарёфт карданд», — иттилоъ дод раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






