Чораҳои оштинопазир нисбати судхӯрон дар моҳи Рамазон
Душанбе, 04.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҷилавгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти хӯрока дар моҳи шарифи Рамазон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута ва комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ин самт дар ҷаласаи шаҳрдорӣ баррасӣ гардид. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулини сохторҳои марбута ва комиссияҳои ҷамъиятиро ба назорати қатъии риояи муқаррароти нархҳои тавсиявӣ нисбати 20 намуди маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт дар моҳи Рамазон нигаронид. Мавсуф ба масъулини соҳаҳо дастур дод, ки барои таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ дар моҳи Рамазон нисбати ҳамагуна ҳолатҳои судхурию хилофкорӣ чораҳои оштинопазир андешанд. Инчунин, дар ҷаласа насби камераҳои мушоҳидавӣ дар тамоми дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои шаҳр матраҳ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






