Дар ҷумҳурӣ НБО- ҳои хурд 310 ададро ташкил медиҳад
Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ шумораи умумии НБО-ҳои хурд дар ҷумҳурӣ 310 ададро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 169 ададаш дар тамоми фасли сол ва 141 адади боқимондааш дар мавсими маҳдудияти барқ дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон истифода бурда мешаванд. Дар ин бора зимни нишасти матбуоти 23 июл вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иттилоъ дод.«Дар нимсолаи ҳисоботӣ дар доираи татбиқи сиёсати соҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои дахлдори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба бунёди НБО-ҳои «Санобод», «Нуробод — 1», «Нуробод — 2», «Сангвор», «Себзор» ва НБО-и «Айнӣ» корҳои муайяни омодагӣ ба анҷом расонида шуданд.» — қайд намуд У.Усмонзода.Қобил ба ёдоварист, ки дар НБО «Сангтуда — 2» моҳи феврали соли 2014 корҳои сохтмониву васлгарӣ ба анҷом расида, гидроагрегатҳои якум ва дуюми нерӯгоҳ ба кор дароварда шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






