Дар байни ду автомашина мондани шаҳрванд

Июль 17, 2014 10:50

Душанбе, 17.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи тамғаи “ Зил-133”, рақами давлатиаш АВ 0604 РТ 03, сокини 37-солаи ноҳияи Хуросон Бобоҷон Назаров, ҳангоми ҳаракат дар канори роҳи калони мошингарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ автомашинаашро дар қафои автомашинаи тамғаи “Зил-130” рақами давлатиаш ВЕ 43-40 РТ 01, ки ба сокини 33-солаи ноҳияи мазкур Ҳакназар Ғиёсов тааллуқ дошт, бо мақсади тарбузҳои дохилашро ба автомашинаи тамғаи “Зил-130” холӣ намудан дар масофаи 60-см мемонад.Маҳмадюсуф Додалиев сокини 33-солаи маҳаллӣ, бо мақсади харидорӣ намудани тарбуз дар байни автомашинаҳои мазкур меистад. Дар ин вақт ронандаи автомашинаи тамғаи “Зил-133” Б. Назаров, аз беэҳтиётӣ автомашинаро ба қафо ронда, шаҳрванд Н. Додалиев -ро дар байни ду автомашина пахш намудааст. Дар натиҷа шаҳрванд М. Додалиев ҷароҳати вазнинин ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Июль 17, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад