Дарёфти ҷасадҳои ғарқшуда аз Сир ва «Сангтӯда-2»
01.07.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 30 июни соли ҷорӣ шаҳрванд Пулодҷон Ахмедов, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ҷамоати Дадобой Холматов, кўчаи Синои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми оббозӣ дар мавзеи таги пули кўчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд, дар дарёи Сир ғарқ шуд. Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов хабар дод, ки аз тарафи ғаввос А. Бочкарёв наҷотдиҳандаи Ситод оид ба ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд 30 июн ҷасади П. Ахмедов аз об бароварда шуда, ба сохторҳои дахдори шаҳри Хуҷанд супорида шуд. 28 июни соли равон бошад, истикоматкунандаи деҳаи Гулистон, ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Амиршо Қурбонов, соли таваллудаш 2004, ҳангоми моҳигирӣ дар обанбори «Сангтӯда-2» ғарк шуд. 30 июн аз тарафи наҷотдиҳандагони обамбори шаҳри Норак ҷасади 3 нафар дарёфт гардид. Ҷасади А. Қурбонов ба наздиконаш супорида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






