Дастаҳои чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳон кадомҳоянд?
Душанбе,3.07.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони қурбон). — Рӯзҳои 4-5-уми июл бозиҳои чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил доир мешаванд.Дастаи Фаронса — Олмон ва Бразил — Колумбия фардо ва дастаи Аргентина — Белгия ва Ҳолланд — Коста-Рика рӯзи шанбе рақобат мекунанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 9-ум ва 10-уми июл, бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 13-уми июл баргузор мешаванд. Бояд гуфт, ки аз 64 бозии Ҷоми ҷаҳон-2014 ҳамагӣ 8 бозии дигар мондааст: 4 бозии чорякниҳоӣ, 2 бозии ниманиҳоӣ, бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ. Чаҳор дастаи дигар – Аргентина, Бразил, Олмон ва Фаронса барои Ҷоми ҷаҳон-2014 талош доранд.Бояд зикр кард, ки ҳамаи 8 дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ ғолибони сабқати гурӯҳӣ мебошанд. Аз ин 8 дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ чортоаш – Белгия, Олмон, Фаронса ва Ҳолланд аз қораи Аврупо ва чортои дигар – Аргентина, Бразил, Колумбия ва Коста-Рика – аз Амрикои Лотинӣ мебошанд.Хотиррасон менамоем,ки маблағи ҷавоизи мусобиқот нисбат ба соли 2010 37% афзуда, 576 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Соли 2010 ҳамагӣ 420 млн. доллари амрикоӣ буд. Ғолиби мусобиқот 35 млн. доллар мегирад. Барои ҷойи дуввум 25 млн. доллар ва барои ҷойи севвум 22 млн. доллар муқаррар шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






