Дастаи «Эсхата” ба ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2014 роҳ ёфт.
Душанбе , 7.07.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон) -Дастаи футболи «Эсхата”-и Хуҷанд, пешсафи мусобиқаи лигаи аввал дар минтақаи Суғд, ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2014 роҳ ёфт.Бояд зикр кард, ки дастаи «Эсхата” дар бозии ҷавобии давраи пешакии Ҷоми Тоҷикистон дар минтақаи Суғд бар дастаи “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Ногуфта намонад, ки бозии аввал низ бо ғалабаи дастаи “Эсхата” бо ҳисоби 6-2 хотима ёфта буд. Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Зарафшон” ғолиб шуд ва ба ҳаштякфинал баромад. Ёдовар мешавем ,ки боз ду роҳхати дигар ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар даври дуввуми марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Суғд дар бозӣ байни дастаҳои «Ваҳдат»-и Ашт — «Шаҳристон»-и Шаҳристон ва «Сайҳун»-и Бобоҷон Ғафуров — «Исфара»-и Исфара маълум хоҳад шуд. Бозиҳои даври дуввум аввалҳои моҳи август барпо мегарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






