Дастгир гардидани ноболиғон бо иттиҳоми дуздӣ
Душанбе, 08.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дирӯз роҳбарияти ҶДММ “Авесто-2010”, воқеъ дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ, ба ШВКД дар ноҳияи мазкур муроҷиат намудаанд, ки аз санаи 15.05.с.2014 то 20.05.с.2014 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди фабрикаи ресандагӣ шуда, аз онҷо 1-адад яхдон, 1-адад чангкашак, 1-адад компютер бо принтер, 1-адад базаи телевизор, 1-адад мизони электронӣ, 250-кило нахи риштаи “НМ/1”, 400-кг нахи пахтаи сафед, 1-адад сумкаи чармин ва 689-дона линчаҳо барои бор кардани пахта, ки арзиши умумиашон 16 ҳазору 66-сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки 2 нафар ноболиғ, сокинони деҳаи Заркамар ба дуздӣ даст зада, молу маҳсулоти фабрикаи ресандагиро аз они худ намудаанд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуд. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






