Дасти кӯмаки «Парастор» ба ниёзмандон
Душанбе, 22.07.2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар остонаи иди Рамазон созмони ҷамъиятии «Парастор» ба 200 нафар оилаҳои ниёзманд ва маъюбони ҷамоати «Сабо»-и ноҳияи Шаҳринав, «Деҳқонобод»-и ноҳияи Ҳисор ва ҷамоати ба номи Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонд. «Ин кӯмакҳо аз маводи ғизоӣ ва либос иборат буда, он дар ҳамкорӣ бо Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ва бархе аз соҳибкорон ба оилаҳои камбизоат тақсим карда шуд», мегӯяд сарвари созмони «Парастор» Раъно Қосимова. Мавсуф афзуд, ки созмони «Парастор» ҳамзамон бо мақсади ҷалби духтарони маҳаллӣ ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ дар ҷамоати «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб синфхонаеро аз таъмир бароварда, онро бо мошинаҳои дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонид. Созмони ҷамъиятии «Парастор» соли 2007 бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва бепарасторон созмон дода шуда, бобати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа чандин лоиҳаҳои иҷтимоиро татбиқ намудааст. Ҳамзамон созмон ҷиҳати пешгирии хушунат дар хонаводаҳо, дастгирии занону духтарони минтақаҳои дурдасти кишвар, ҳунаромӯзӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ кумакҳо расонидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






