Дастовардҳои Академияи илмҳо дар нимсолаи аввал
Душанбе, 10.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар нимсолаи аввали соли 2014 олимони Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯи 70 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва 31 мавзӯи амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ. Аз ҷумла, таҳқиқот дар соҳаҳои илми математика дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омадаанд. Дар соҳаи астрофизика бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, асттероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии Замин гузаронида шудаанд.Дар нишасти матбуотӣ инчунин гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ Академияи илмҳо ба Ҳукумати ҶТ ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ 67 пешниҳод ва хулосаҳоро оид ба ҳамкории байналмилалии илмӣ ва илмию техникӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё ва давлатҳои хориҷи дур ва наздик омода ва барои баррасӣ пешниҳод карда шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






