Даъвати Г. Шарофзода аз волидон
Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Гавҳар Шарофзода-раиси Кумитаи забон ва истилоҳот имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки кумита дар 16 ҷаласаи Шӯрои бадеии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиккино» ширкат намуд. Дар ҷаласаҳо зиёда аз 67 филми аз забонҳои туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумашуда, ки аз ҷониби студияҳои «Нурангез», «Арш», «Симо Продакшн», «Килк», «Ҳамсадо», «Тоҷикфилм» ва «Асар» пешниҳод гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳангоми баррасӣ оид ба истифодаи калимаю ибораҳо, ифода ва риояи меъёри забони адабӣ эроду пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуд.Гавҳар Шарофзода дар идомаи суҳбаташ аз афзоиши истифодаи калимаҳое бемантиқ миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ сарчашмаи пайдо шудану истифодаи чунин калимаҳоро тарбияи нодуруст дар хонавода донист ва аз волидони тоҷик даъват кард, ки ба шеваи гуфтори фарзандонашон аз хурдсолӣ таваҷҷуҳ кунанд. Раиси кумита, инчунин афзоиши номҳои туркӣ дар Тоҷикистонро ғайриқонунӣ хонд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






