Даври ниҳоии лоиҳаи «Овози тиллоӣ» ҷамъбаст гардид

Июль 21, 2014 11:16

Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар «Кохи Ваҳдат»-и Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ» дар маросими ботантана ҷамъбаст гардид. Дар маросими ин чорабинии фарҳангӣ дар радифи ғолибони озмун ва пайвандону наздикони онҳо, инчунин шахсиятҳои шинохтаи илму адаб ва фарҳанги кишвар иштирок доштанд.  Раҳмон Асадулло -раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Давлатзода Зевар Маҳмудӣ — мудири муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» ғолибони лоиҳаи озмуни «Овози тиллоӣ»-ро табрик намуданд. Раҳмон Асадулло баргузории ин озмунро барои дигар шабакаҳои телевизионии кишвар намунаи ибрат арзёбӣ намуда, гуфт, ки ғолибони даври ниҳоии озмуни «Овози тиллоӣ» дар оянда парчамбародори фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик хоҳанд гардид. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи озмуни «Овози тиллоӣ» бо ибтикори муасиссисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» аз соли 2010 инҷониб гузаронида шуда, 60 нафар наврасону ҷавонони боистеъдод кашф гардидаанд. Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавон ҷиҳати ташаккули санъати мусиқию овозхонии миллати тоҷик аст. Давлатзода Зевар Маҳмудӣ -мудири муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» мегӯяд, ки дар мавсими панҷуми баргузории озмуни «Овози тиллоӣ», ки зарфи шаш моҳ дар минтақаҳои мухталифи кишвар ва пойтахт баргузор гардид, 2024 нафар кӯдакону наврасон иштирок намуданд. 9 нафар ғолиби озмуни «Овози тиллоӣ»- Амирҷон Муродов, Абдурауф Юсупов, Алиакбари Аслиддин, Кароматулло Ҳабибуллоев, Исҳоқи Шамсулло, Шодибеки Ҳусейн, Шаҳриёр Ҳабибов, Эмомалии Мирзобаротзода, Фарзонабону Раҳимова бо сурудҳои дилангези худ баромад намуданд, ки аз сӯи аҳли толор бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гардиданд. Матни аксарияти сурудаҳои ғолибони озмуни «Овози тиллоӣ» аз осори шоирони классики тоҷик ва муосир гирифта шуда, рӯҳнавозу дилошӯб садо доданд. Хусусан шеъри «Парчам» матн ва оҳанги Ҷаъфари Ҷалол дар иҷрои ғолиби озмуни «Овози тиллоӣ» Шаҳриёр Ҳабибов басо самимӣ садо дод. Тамоми иштирокдорони лоиҳаи озмуни «Овози тиллоӣ» дар маросими ботантана аз сӯи шахсиятҳои шинохтаи фарҳангии кишвар бо дипломи ғолибият, калиди мусиқавии рамзи ғолибият дар лоиҳаи «Овози тиллоӣ»- 2014 аз Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва саёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар мукофотҳо — телевизор, маркази мусиқӣ, яхдон, тафдон, ноутбук, чангкашак, DVD ва дигар ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.  Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Ҳукумати ноҳияи Ҳисор, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, «Бозори Ҳоҷӣ Шариф», Комплекси варзишии «Самандар -Асри 21 /ш. Турсунзода/, ширкатҳои «Авитсенна», «Тоҷи зарин», «Рухом» сарпарастони расмӣ ва шарикони лоиҳаи «Озмуни тиллоӣ» мебошанд.

Июль 21, 2014 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд