Даври ниҳоии лоиҳаи «Овози тиллоӣ» ҷамъбаст гардид
Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар «Кохи Ваҳдат»-и Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ» дар маросими ботантана ҷамъбаст гардид. Дар маросими ин чорабинии фарҳангӣ дар радифи ғолибони озмун ва пайвандону наздикони онҳо, инчунин шахсиятҳои шинохтаи илму адаб ва фарҳанги кишвар иштирок доштанд. Раҳмон Асадулло -раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Давлатзода Зевар Маҳмудӣ — мудири муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» ғолибони лоиҳаи озмуни «Овози тиллоӣ»-ро табрик намуданд. Раҳмон Асадулло баргузории ин озмунро барои дигар шабакаҳои телевизионии кишвар намунаи ибрат арзёбӣ намуда, гуфт, ки ғолибони даври ниҳоии озмуни «Овози тиллоӣ» дар оянда парчамбародори фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик хоҳанд гардид. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи озмуни «Овози тиллоӣ» бо ибтикори муасиссисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» аз соли 2010 инҷониб гузаронида шуда, 60 нафар наврасону ҷавонони боистеъдод кашф гардидаанд. Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавон ҷиҳати ташаккули санъати мусиқию овозхонии миллати тоҷик аст. Давлатзода Зевар Маҳмудӣ -мудири муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» мегӯяд, ки дар мавсими панҷуми баргузории озмуни «Овози тиллоӣ», ки зарфи шаш моҳ дар минтақаҳои мухталифи кишвар ва пойтахт баргузор гардид, 2024 нафар кӯдакону наврасон иштирок намуданд. 9 нафар ғолиби озмуни «Овози тиллоӣ»- Амирҷон Муродов, Абдурауф Юсупов, Алиакбари Аслиддин, Кароматулло Ҳабибуллоев, Исҳоқи Шамсулло, Шодибеки Ҳусейн, Шаҳриёр Ҳабибов, Эмомалии Мирзобаротзода, Фарзонабону Раҳимова бо сурудҳои дилангези худ баромад намуданд, ки аз сӯи аҳли толор бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гардиданд. Матни аксарияти сурудаҳои ғолибони озмуни «Овози тиллоӣ» аз осори шоирони классики тоҷик ва муосир гирифта шуда, рӯҳнавозу дилошӯб садо доданд. Хусусан шеъри «Парчам» матн ва оҳанги Ҷаъфари Ҷалол дар иҷрои ғолиби озмуни «Овози тиллоӣ» Шаҳриёр Ҳабибов басо самимӣ садо дод. Тамоми иштирокдорони лоиҳаи озмуни «Овози тиллоӣ» дар маросими ботантана аз сӯи шахсиятҳои шинохтаи фарҳангии кишвар бо дипломи ғолибият, калиди мусиқавии рамзи ғолибият дар лоиҳаи «Овози тиллоӣ»- 2014 аз Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва саёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар мукофотҳо — телевизор, маркази мусиқӣ, яхдон, тафдон, ноутбук, чангкашак, DVD ва дигар ҷоизаҳо сарфароз гардиданд. Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Ҳукумати ноҳияи Ҳисор, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, «Бозори Ҳоҷӣ Шариф», Комплекси варзишии «Самандар -Асри 21 /ш. Турсунзода/, ширкатҳои «Авитсенна», «Тоҷи зарин», «Рухом» сарпарастони расмӣ ва шарикони лоиҳаи «Озмуни тиллоӣ» мебошанд.








Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад






