Дилшод Назаров аз Италия ва Маҷористон медал овард
Душанбе, 17.07.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон) — Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Италия ва Маҷористон ду медал ба даст овард.Бояд зикр кард, ки гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Италия гурзро ба масофаи 77 метру 95 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Баъдан Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии «Istvan Gyulai Memorial» аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge», ки дар пойтахти Маҷористон – Будапешт баргузор шуд, бо натиҷаи 80,24 метр медали биринҷӣ гирифт. Хотиррасон менамоем, ки дар ин мусобиқа Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 82,49 м мақоми аввалро касб кард, насиби Павел Файдек аз Лаҳистон 80,73 м ҷои дуввум гардид.Дар ин бора ба хабарнигорон худи Дилшод Назаров имрӯз, хабар дод. Вай гуфт, «ин мусобиқа барои ман дар мавсими имсола ҳафтумин буд. Барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.”Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров моҳҳои май-июли соли равон дар ҳафт мусобиқаи байналмилалӣ се медали тилло, се медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овардааст. Қобили зикр аст, ки Дилшод Назарови 32-сола яке аз фаъолтарин варзишгарони тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи тобистона — соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон — ҳимоят кардааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






