ДКМТ: 117 нафар хатмкунанда ба кор сафарбар шуд
Душанбе, 22.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Тибқи мактуби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубҳои дархостии корхонаҳои саноатии кишвар ва дар асоси тақсимоти фардии хатмкунандагон 117 нафар хатмкунандаи гурӯҳи буҷетӣ ба корхонаву муассисаҳо ба кор сафарбар карда шуданд.Ин нуктаро ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон-Мухтор Фозилов зимни нишасти хабарӣ, ки охири ҳафтаи сипаришуда баргузор гардид, баён дошт.Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгириву мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба якчанд корхонаҳои саноатии кишвар сафари кории ректор баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, густариш додани ҳамкориҳо дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот, тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ тибқи талаботу дархости корхонаҳо, ҳамчунин таъмин намудани хатмкунандагон бо ҷои кор ва дар назди донишкада кушодани курсҳои бозомӯзӣ барои кормандону коргарони корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда шуда, созишномаҳои нав баста шуд.Ба гуфти М. Фозилов дар ин давра аз тарафи омӯзгорон 3 китоби дарсӣ, 2 монография ва 6 дастури таълимӣ бо забони давлатӣ ба чоп тавсия дода шуда, зиёда аз 220 мақолаҳои илмӣ, илмӣ — оммавӣ дар нашрияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ чоп гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






