Ду нишони дзюдочиёни кишвар аз Тайланд
Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушоди Осиё оид ба дзюдо «Asian Open Taipei 2014», ки рӯзҳои 27-ум 28-уми июли молҳи равон дар Тайван баргузор шуд, ду медали нуқра ба даст оварданд.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд, дар ин мусобиқа рейтинги олимпии Тоҷикистонро ду паҳлавон — Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг таҳти раҳбарии мураббии шоистаи Русияву Тоҷикистон Владимир Елчанинов намояндагӣ карданд.Гуфта мешавад, ки Фарҳод Раҳимов дар даври аввал бар Линг Чанг-Чих аз, баъдан бар Кочарат Нопача ҳарду аз Тайланд ва барои ба финал баромадан бар Ву Ренбаген пирӯз шуд. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Ли Чангмин паҳлавон аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва бо гирифтани нишони биринҷӣ, мақоми дуюмро касб кард. Комроншоҳи Устопириён, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Юн Тайхюн аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад. Барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан бар Хун Чай Гу (Кореяи Ҷанубӣ) ғалабаи соф (иппон) ба даст овард. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ҳалкунанда аз рақибаш Кирилл Денисови русиягӣ мағлуб гашт. Ҳамин тавр ҳар ду варзишгарони кишвар, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа муаррифӣ мекарданд, медали бириҷиро дар вазнҳои худ соҳиб гаштанд ва бо 60-имтиёзӣ сазовори роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразил гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






