Дуздии маблағи нақд аз дохили «Opel-Veсtra»

Июль 3, 2014 11:21

Душанбе, 3.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сокини 37 — солаи шаҳри Хуҷанд Ҷаъфар Ашрафов муроҷиат намудааст, ки санаи 27 июни соли ҷорӣ шахсони номаълум дар истгоҳи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Opel-Veсtra» беш аз 350 ҳазор сомонӣ пули нақдашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.  Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони дуздӣ сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Умар Файзиевро, ки қаблан бо моддаҳои 200 қисми 3, 247 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир намуданд.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Июль 3, 2014 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд