Э. Раҳмон: «Куҷост нангу номуси миллӣ ?!»

Июль 10, 2014 14:03

Душанбе, 10.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 июл дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир гардид, ба масъалаи хариду фурӯши одамон аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дахл намуда, онро омили дигари халалдор гардидани суботу оромӣ ва амнияти кишвар номид. Сарвари Давлат зикр кард, ки аз соли 2010 то инҷониб 44 нафар шаҳрвандон бо гуноҳи содир намудани хариду фурӯши одамон муайян ва дастгир гардиданд. Президенти кишвар хариду фурӯши одамон берун аз ҷумҳурӣ, хусусан кӯдакону занон ва духтаронро амали бисёр нангин барои миллати тоҷик арзёбӣ намуда, гуфт, ки ҳарчанд дар ин самт як силсила барномаҳои ҳукуматӣ амалӣ шуда истодаанд, вале кор ҳоло низ беҳбудиро тақозо мекунад. Сарвари Давлати Тоҷикистон бо исрор таъкид кард, ки «таърихи миллати соҳибтамаддуни мо ягон вақт ҳодисаи аз ҷониби ҷавонмардони худ ба хориҷа бурда, фурӯхтани зани тоҷикро ёд надорад. Куҷо шуд нангу номуси миллӣ, ватандорӣ ва виҷдону имони мусулмонии мардону ҷавонони мо?!. Шахсоне, ки барои қонеъ сохтани нафси бади худ занону духтарони мардумро бо роҳи фиреб ба хориҷа бурда мефурӯшанд, тасаввур намекунанд, ки агар касони дигар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?».  Дар робита ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин омилҳои нангин Президенти кишвар ба роҳбарону масъулини сохторҳои марбута-Прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳо оид ба корҳои занон ва оила, оид ба корҳои дин, Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дастур дод, ки бо қабул шудани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» муборизаро бар зидди ин зуҳуроти нангин ва барои миллати тоҷик бегона пурзӯр намоянд.

Июль 10, 2014 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст