Э. Раҳмон: «Куҷост нангу номуси миллӣ ?!»
Душанбе, 10.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 июл дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир гардид, ба масъалаи хариду фурӯши одамон аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дахл намуда, онро омили дигари халалдор гардидани суботу оромӣ ва амнияти кишвар номид. Сарвари Давлат зикр кард, ки аз соли 2010 то инҷониб 44 нафар шаҳрвандон бо гуноҳи содир намудани хариду фурӯши одамон муайян ва дастгир гардиданд. Президенти кишвар хариду фурӯши одамон берун аз ҷумҳурӣ, хусусан кӯдакону занон ва духтаронро амали бисёр нангин барои миллати тоҷик арзёбӣ намуда, гуфт, ки ҳарчанд дар ин самт як силсила барномаҳои ҳукуматӣ амалӣ шуда истодаанд, вале кор ҳоло низ беҳбудиро тақозо мекунад. Сарвари Давлати Тоҷикистон бо исрор таъкид кард, ки «таърихи миллати соҳибтамаддуни мо ягон вақт ҳодисаи аз ҷониби ҷавонмардони худ ба хориҷа бурда, фурӯхтани зани тоҷикро ёд надорад. Куҷо шуд нангу номуси миллӣ, ватандорӣ ва виҷдону имони мусулмонии мардону ҷавонони мо?!. Шахсоне, ки барои қонеъ сохтани нафси бади худ занону духтарони мардумро бо роҳи фиреб ба хориҷа бурда мефурӯшанд, тасаввур намекунанд, ки агар касони дигар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?». Дар робита ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин омилҳои нангин Президенти кишвар ба роҳбарону масъулини сохторҳои марбута-Прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳо оид ба корҳои занон ва оила, оид ба корҳои дин, Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дастур дод, ки бо қабул шудани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» муборизаро бар зидди ин зуҳуроти нангин ва барои миллати тоҷик бегона пурзӯр намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст






