Эълони рӯзи Иди Фитр
Душанбе, 23.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломӣ санаи дақиқи Иди Фитр 28-уми июл эълон гардид. Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон соати 7:00-и субҳ оғоз меёбад. Дар ин бора котиби масъули Маркази исломии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Неъматулло ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод. «Дар ҷаласа ҳамчунин Шӯрои уламо имомхатибонро вазифадор кард, ки дар мавъизаҳои худ диққати сокинонро ба дастгирию кӯмаки ятимон дар рӯзҳои хурсандӣ ҷалб намуда, ба сарфакорӣ дар рӯзи ид даъват кунанд. Инчунин дар ин қарори Шӯрои уламо таъкид шудааст, ки масҷидҳои ҷомеъ аз ҳисоби маблағҳои ҷамъоваришуда дар намози ид 600 сомонӣ ҳаққи аъзогиро ба хазинаи Маркази исломӣ бисупоранд», — илова намуд Ҳ. Неъматулло.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






