Фароҳам овардани шароити мусоид ба маъюбон
Душанбе, 8.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар кӯдакистони хусусии “Меҳрона”-и шаҳри Чкалов бахшида ба Рӯзи маъюбон чорабинӣ доир гардид.Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуда, изҳор доштанд, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо мақсади беҳтар намудани вазъи зисту зиндагонии шахсони дорои имконияташон маҳдуд, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди солимгардонӣ, омодагии касбӣ, фароғативу истироҳатии маъюбон ва дастгирии моддиву маънавии онҳо пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.Маврид ба зикр аст, ки дар кӯдакистони “Меҳрона” дар қатори дигар кӯдакон феълан 11 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора сарвари кӯдакистони мазкур Машҳура Дадобоева хабар дода, илова намуд, ки ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд аз ҷониби маъмурияти кӯдакистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






