Фавти 38-нафар дар Нигерия

Июль 17, 2014 13:47

Душанбе, 17.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии оҷонсии «Франс Пресс» гурўҳи силоҳбадастони ифротии «Боко Ҳарам» ҳафтаи равон ба минтақаи Дил, воқеъ дар кисми шимолу-ғарбии Нигерия ҳамла карданд. Бар асари ин ҳодиса 38-нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар захмҳои гуногун бардоштанд. Силоҳбадастон бо автомобилу мототсиклҳо вориди маҳалли аҳолинишини Дил шуда, сокинони осоиштаро ҳадафи худ қарор доданд.
 
Таркиш дар Чин
 
Душанбе, 17.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Синини вилояти Синхай воқеъ дар қисми шимолу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин таркиш ба амал омад. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ то ҳол маълумот дастрас нагардидааст.Гуфта мешавад, ки таҷҳизоти тарканда дар дохили қуттии партов дар яке аз таваққуфгоҳҳо ба кор дароварда шудааст.
 
Таркиши бомба дар Афғонистон
 
Душанбе, 17.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 15 июл бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар дохили бозор дар вилояти Пактико дар шарқи Афғонистон 89 нафар ба ҳалокат расида, 42 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта бистари беморхонаи марказии Пактико гардидаанд. Бояд зикр кард, ки то ҳанӯз касе ва гурӯҳе масъулияти ҳамла дар Пактикоро бар ӯҳда нагирифтааст.
 
Музокироти ҳастаии Эрон
 
Душанбе, 17.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-16 июли соли равон музокироти ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Вена баргузор гардид. Ба гуфти Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баъд аз музокирот пешравӣ ба даст омадааст, вале он вақти бештареро дар бар мегирад. Ба гуфти вазири корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ, комёбиҳои назаррас ба даст омадааст, вале ҳанӯз ихтилофи назарҳо боқӣ мондааст.Бояд мутазаккир шуд, ки кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд муҳлати расидагӣ ба барномаҳои ҳастаии Эрон то 20 соли дигар давом ёбад. Вале Эрон мегӯяд, ки ин мӯҳлат поин оварда шавад ва ҳар чӣ зудтар аз миён бардошта шавад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Июль 17, 2014 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!