Гар дасти фитодае бигири, мардӣ…
Шаҳраки Сомониён, 07.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Бахшида ба 10 — солагии рӯзи маъюбони Тоҷикистон, ки ҳамасола 8 июл қайд карда мешавад, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии хотирмон баргузор гардид. Ҷамъомад бо ташаббуси Маркази эҷодиёти кӯдакон ва наврасон, Ташкилоти ҷамъиятии «Олами кӯдакон», «Ассотсиатсияи волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуд» созмон ёфт. Алҳол дар ноҳияи Рӯдакӣ 364 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсили илм доранд. 26 нафари дигар дар хонаҳояшон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар чорабинӣ директори Маркази эҷодиёти кӯдакон ва наврасони ноҳияи Рӯдакӣ Рухшона Шобудинова, ки ташаббускори асосии ин чорабинӣ буд, зикр кард, ки «Шумо маъюб нестед, шумо тавонмандед, шумо андешаи солим, дили соф, неруи хастанопазир, баҳри рафъи мушкилоти худ ва ҷомеаро доред. Шумо аз тамоми ҳуқуқҳое, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон доранд, бархурдоред» Теъдоде аз кӯдакон, наврасон ва ҷавонони имконияташон маҳдуд, ки дар толор ҳузур доштанд, бо нишон додани ҳунари хеш ба ҳозирин муаррифӣ карда тавонистанд, ки онҳо барои ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон чи қадар азму субот, кӯшишу ғайрат ва дили софу андешаи ҷолиб доранд. Суруд ва шеърхонии Заррина Давлатова, Моҳлиё Қурбонова, Шаҳноза Усмонова, Мафтуна Сайфуллоева ва дигарон аҳли толорро мафтун кард. Дар рафти чорабинӣ туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнӣ, Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба кӯдакону наврасон супорида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






