Гумрук: Воридоти зиёда аз 10 млн. сомонӣ илова ба нақша
Душанбе, 10.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дар давраи нимсолаи аввали соли 2014 аз ҷониби Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит, шӯъбаҳо ва бахши назорати баъди барасмиятдарории гумрукии раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар натиҷаи омӯзиши маълумоти мавҷуда, дар маҷмӯъ 530 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, пардохтҳои гумрукии иловагӣ бо назардошти баҳра ба маблағи 10 млн. 615 ҳазору 379 сомонӣ пурра ба буҷаи давлат ворид гардид. Дар ин давра ҳамчунин 26 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, ба маблағи 51 ҳазору 294 сомонӣ ҷарима таъин гардид.Инчунин ду парвандаи ҷиноятӣ бо қ.1 моддаи 340 КҶ ҶТ нисбат ба Б. Файзуллоев ва М. Ахмедова оғоз гардида, мавод барои истеҳсолот ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






