Хатсайри нави — Душанбе — Панҷакент — Душанбе
Панҷакент, 30.07.2014 (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худоибердиева) Аввалин тайёра дар масири Душанбе — Панҷакент — Душанбе, дар хатсайри нави ҳавоӣ субҳи рӯзи 30-юми июл аз фурудгоҳи Душанбе ба Панҷакент фуруд омад. Пас аз нишастани тайёраи тамғаи АН — 26 ба фурудгоҳи Панҷакент меҳмононро бо рақсу бозӣ ва карнайю сурнай пешвоз гирифтанд. Дар маросими кушодашавии хатсайри ҳавоӣ меҳмонон аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд рӯзноманигорон, роҳбарони ташкилоту идораҳо ширкат намуданд. Дар суханронии муовини роҳбари ширкати «Тоҷик Эйр» Икром Мавлонов, таъкид шуд, ки ин тӯҳфае хоҳад шуд ба 90 солагии авиатсияи тоҷик. Инчунин муовини раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло, муовини сардори департаменти авиатсияи гарждании вазорати нақлиёт Анвар Нуров ҳам дар баромадҳои хеш аз кушодашавии хатсайри Душанбе — Панҷакент хуш истиқбол намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






