Хизматрасонӣ ба нафақахӯрон
Кӯлоб, 14.07.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақахӯрон 79521 нафарро ташкил намуда талаботи моҳонаи нафақа 18207,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.То инҷониб нафақаи онҳо бо пуррагӣ маблағгузорӣ гардида, бақияи қарздорӣ вуҷуд надорад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб Ҷурабек Қурбонов.Ба ибораи Ҷурабек Қурбонов дар шаш моҳи соли ҷорӣ 3043 ариза пешниҳод гардида, аз ин шумора 1280 нафақа аз рӯи синну сол ва 1217 асноди нафақаи иҷтимоӣ тайин гардидаст. Бо мақсади амалӣ гардидани фармоиши муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» дар асоси мактуб ва рӯйхати омодашуда аз тарафи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоб, 1029 нафар маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 аз талаботи нафақа муваққатан боздошт ва қатъ карда шуд.Бояд зикр намуд, ки пардохти нафақа тавассути «Амонатбонк» ба роҳ монда шуда, аз 9 шаҳру ноҳияҳо фақат дар ш.Кӯлоб тартиби пардохт бо кортҳои пластикӣ роҳандозӣ гардидааст.Соли ҷорӣ ноҳияҳои Фархор ва ноҳияи Муъминобод низ барои бо тартиби пардохти кортҳои пластикӣ гузаштан омодагӣ мебинанд. Инчунин дар ин муддат аз тарафи «Амонатбонк» ба маблағи 644,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои нафақахӯрони фавтида ва бо дигар сабабҳои асоснок бозпас карда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






