Хоруғ: Таъмини 80 нафар мутахассис бо ҷойи кор ва манзил
Душанбе, 11.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -162- нафар хатмкунандаи риштаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, ки чанд муддат дар муассисаҳои мактабӣ ва то мактабӣ дар Агентии шуғли аҳолӣ чун бекор номнавис шуда буданд, дар минтақаҳои дигари мамалакат соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, алалхусус раёсати ҷавонон, маориф, шуғли аҳолӣ барои паст намудани сатҳи бекорӣ миёни мутахассисони касбӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират Пулод Зеваршоев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” изҳор дошт, ки ҳоло дар мувофиқа бо раёсати маориф ва ҳифзу сиҳати вилоят боз 80 нафар хатмкунандаи коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ бо ҷойи кори доимӣ ва манзил таъмин хоҳанд гашт.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






