Хуҷанд: 800 ҳазор сомонӣ барои таъмири беморхона
Душанбе, 25.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Барои таъмири шуъбаҳои беморхонаи клиникии №1 — уми шаҳри Хуҷанд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, то имрӯз шӯъбаҳои эҳё, асаб, ҷарроҳии асаб, амрози дарунӣ ва озмоишгоҳи биохимиявӣ бо сифати баланд ва ба талаботи маркази назорати санитарӣ-эпидемиологӣ мувофиқ аз тармим бароварда шудаанд. Шӯъбаҳои осебшиносӣ, ҷарроҳии калонсолон ва бачагон низ таъмир карда хоҳад шуд.Ҳамчунин бо харҷи 280 ҳазор сомонӣ ба беморхона 13 намуди таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






