Худсарона ишғол намудани қитъаи замин
Душанбе, 17.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд, сокини 33-солаи шаҳри Ваҳдат Рустам Шарифов, ҳамчун гумонбар дар худсарона ишғол намудани қитъаи замин дастгир гардид. Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, номбурда моҳи марти соли 2014 дидаю дониста ва бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқии истифодабарии замин, худсарона, қитъаи заминро дар ҳаҷми 6-сотих, воқеъ дар қисми шимолии деҳаи кишоварзии ҷамоати деҳоти Гулистони ҳамин шаҳр ишғол намуда, хонаи истиқоматӣ сохтааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






