Иҷлосияи ҳаждаҳум кадом масъалаҳоро баррасӣ мекунад?
Душанбе, 3.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонид, ки тибқи он 17 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар иҷлосия қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конституисонии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ратсионализаторӣ», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» баррасӣ шаванд. Ҳамзамон, дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар аз ҷониби аъзои палaтаи болоии Парлумони Тоҷикистон матраҳ хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






