Ифтитоҳи қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар ноҳияи Қабодиён
Душанбе, 8.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ноҳияи Қабодиён муаррифии қабулгоҳи ҷамъиятӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният, намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тиҷоратӣ иштирок намуданд.Муаррифӣ бо мақсади шинос намудани аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Қабодиён бо фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва таъсис додани Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар ноҳияи Қабодиён, инчунин ҷалби аҳолӣ дар фаъолияти он баргузор гардид. Қабулгоҳи ҷамъиятӣ сохтори ёрирасон ва машваратӣ буда, фаъолияти он ба қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон, гузаронидани мониторинг ва чорабиниҳои омӯзишӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи аҳолӣ ва гурӯҳҳои осебпазир равона мешавад. Айни ҳол дар шаҳру навоҳии кишвар 10 қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон амал мекунад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






