Имтиҳонҳои тахассусию маҳорат
Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо мақсади ҷалби довталабону хоҳишмандон ва бомуваффақият гузаронидани маъракаи «Довталаб-2014» ҳайати кории комиссияи қабули Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ташкил гардид. Комиссияи қабули донишкада барои довталабон аз 9-ум то 11-уми соли равон консултатсия ва аз 12-ум то 17-уми июл имтиҳонҳои тахассусию маҳоратро қабул намуда, натиҷаи онро ба ММТ пешниҳод карданд.Раёсати донишкада бо мақсади муаррифӣ намудани ягона муассисаи таҳсилоти олии тахассусии ватанӣ, ки дар тайёр намудани кадрҳои соҳаи санъати тасвирӣ, дизайн саҳм гирифтааст, дар арафаи маъракаи «Довталаб-2014» барои соли таҳсили 2014-2015, маводу ролик, ҳайат ва хатсайри гурӯҳҳои кории ташвиқотӣ ташкил дода, ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сафарбар намуданд.Бо мақсади даъвати довталабон аз 23-юм то 25-уми январи соли равон чорабинии «Дарҳои кушод» баргузор гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






