Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар паради ҳарбӣ дар Фаронса
Душанбе, 19.07.2014 (НИАТ «Ховар»).- Дар хиёбони марказии шаҳри Париж Champs-Elysees 14 июл паради ҳарбӣ бахшида ба иди миллии Ҷумҳурии Фаронса — солгарди ба даст овардани Бастилия ва 100-солагии Ҷанги якуми ҷаҳон баргузор гардид.Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Тоҷикистон дар Фаронса дар чорабинии мазкур ширкат варзид.Низомиёни тоҷик бо парчами миллии Тоҷикистон аз паради ҳарбӣ дар қатори дигар кишварҳо бо тантана гузаштанд. Ҳамзамон донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дар намоиши фарҳангӣ баромад карда, Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Яке аз донишҷӯёни тоҷик дар қатори дигар ҳамтоҳои хориҷии худ ба Президенти Фаронса муаррифӣ шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






