Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои амниятии САҲА
Душанбе, 10.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар Вена 8 июл Рӯзҳои амниятии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти унвони “Тавсеаи амният тавассути дипломатияи об: нақши САҲА” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода ширкат варзид.Дар маросими ифтитоҳии чорабинии мазкур Дабири Кулли САҲА Ламберто Занниер, Раиси Шӯрои доимии Созмон (Швейтсария) Сафир Томас Гремингер ва шоҳзодаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ал-Ҳассан бин Талал суханронӣ намуданд.Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар рафти ҷаласаи якуми чорабинии Рӯзҳои амниятии САҲА, ки ба мавзӯи «Нигоҳи амниятӣ доир ба масъалаҳои об» бахшида шуда буд, баромад карда, дар муҳокимаи ин масъала низ иштирок кард. Ширкаткунандагони чорабинии мазкур мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, дигаршавии иқлим, ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об ва нақши дипломатияи об дар қаламрави кишварҳои САҲА-ро мавриди муҳокима қарор доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






