Истеҳсоли нерӯи барқ зиёда 8 млрд. кВт-ро ташкил дод
Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- «Тибқи маълумотҳои фаврӣ истеҳсоли нерӯи барқ дар нимсолаи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 8 млрд. 182, 33 млн. кВт. соатро ташкил дод.» — афзуд зимни нишасти матбуоти 23 июл вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонали Усмонзода.Ба гуфти У.Усмонзода, дар нимсолаи якуми соли 2014 ҷиҳати таъмини ҳарчӣ пурраи бозори дохилӣ, фурӯшандаи ягонаи нерӯи барқи ҷумҳурӣ — ширкати «Барқи Тоҷик», аз ҶСК «НБО — и Сангтӯда — 1» ва НБО — и «Сангтӯда — 2» ва Чумҳурии Қирғизистон мутаносибан 999, 6 млн. кВт. соат, 281, 8 млн кВт. соат ва 9,2 млн. кВт. соат нерӯи барқро харидорӣ намуда, ба фурӯш баровард.Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ (асосан дар давраи фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ) аз ҷумҳурӣ 496, 9 млн. кВт. соат нерӯи барқ содирот карда шуд, ки аз он 413,7 млн. кВт. соаташ ба Афғонистон ва 83,2 млн. кВт. соаташ ба Ҷумҳурии Қирғизистон рост меояд.Кайд гардид , ки ҳаҷми нерӯи барқи фоиданоке (ба фурӯш рафта), ки ШСХК «Барқи Тоҷик» дар давраи моҳҳои январ- июни соли 2014 ба истифодабарандагони ҷумҳурӣ интиқол додааст, ба 5 млрд. 970, 5 млн кВт. соат баробар буд, тарифи миёнаи умумӣ дар нимсолаи ҳисоботӣ ба 10, 72 дирам баробар шуд.Дар маҷмуъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содироти барқ 135,2 млн. кВт. соат зиёд шуда, суръати афзоиши ин нишондиҳанда ба 137,4% баробар шуд. Сатҳи ҷамъоварии маблағи барқ аз муштариёни дохили ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 84,6% — ро ташкил дод, ки дар қиёс бо 6 моҳи соли 2013 9,1% зиёд аст.Маблағи ҳисобишудаи нерӯи барқи ба фурӯшрафта бошад ба 640, 1 млн сомонӣ баробар шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






