Истеҳсоли тилло афзуд
Душанбе, 26.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Шавқат Бобозода вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ният дорад, ки соли равон истеҳсоли тиллоро дар кишвар то ба 3 тонна расонад. Ш. Бобозода рӯзи 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки тайи шаш моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон 1 тоннаву 141 килограмм тилло истеҳсол шудааст ва изҳори боварӣ намуд, ки то охири соли равон ин нишондод ба 3 тонна расонда хоҳад шуд. Истеҳсоли тилло дар шаш моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 килограмм зиёд шуда, 105,3%-и нақшаро ташкил додааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






