Истироҳати наврасони Хоруғ дар Суғд
Хоруғ, 23.07.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан) Боз 81 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ба урдугоҳҳои тобистонаи берун аз ҳудуди вилоят сафар намуданд. Ин гурӯҳи толибилмон тайи 15 рӯз дар урдугоҳҳои вилояти Суғд ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.Соли равон барои истироҳату фароғати толибилмони ВМКБ шароитҳои нав фароҳам оварда шуданд. Бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳри Хоруғ имсол бори нахуст теъдоди зиёди хонандагон ба фароғатгоҳҳои тобистонаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафарбар шудаанд.Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Бибигул Ҷумъаева гуфт, ин тадбир ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дустию рафоқат миёни кӯдакону наврасони манотиқи мухталифи кишвар мебошад.Бо кӯмаки мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят ва гурӯҳе аз соҳибкорон то ҳол беш аз 500 нафар толибилмони макотиби шаҳр ба урдугоҳҳои берун аз вилоят ба муддати 15 рӯз ба истироҳату дамгирӣ фиристонида шуданд. Волидон аз ин иқдоми роҳбарияти вилояту шаҳри Хоруғ изҳори хушнудӣ мекунанд ва ҷиҳати роҳандозӣ намудани чунин амали хайр миннатдорӣ баён мекунанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






