Кӣ ғолиби мусобиқаи мошинронӣ шуд?
Душанбе, 23.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ба муносибати 90 — солагии генерал — майор Валӣ Мамадов байни устоҳои таълими истеҳсолии ронандагии муассисаҳои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд мусобиқаи малакаи мошинронӣ таҳти унвони «Беҳтарин дар касби худ» доир гардид.Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа баланд бардоштани маҳорати касбии устоҳои таълими истеҳсолӣ ва муайён намудани беҳтаринҳо дар касби худ мебошад. Нахуст устоҳои таълими истеҳсолии мошинҳои боркаш миёни худ сабқат намуда, сипас устоҳои таълими истеҳсолии мошинҳои сабукрав малака ва маҳорати рондани воситаи нақлиётро ба намоиш гузоштанд. Барои роҳ додан ба хатогиҳо холҳои ҷаримавӣ муқаррар карда шуд. Иштирокдорони мусобиқа шартҳои онро аз рўи ҳаракат дар чорроҳаи танзимшаванда, роҳи ҳаштшакл, тоб хӯрдан ба қафо, дуруст таваққуф кардан ва гузариши даврагӣ иҷро намуданд.Аз рӯи ҳисоби ҳакамони озмун дар идоракунии мошини боркаш Толиб Нурматов, Алишер Додоев ва Фурқат Ҳайдаров мақомҳои намоёнро ишғол намуданд. Байни ронандагони мошинҳои сабукрав бошад, Ҳасан Қодиров, Умар Қодиров ва Икром Ҳомидов ба сегонаи беҳтарин роҳ ёфтанд. Аз рӯи ҳисоби даставӣ мактабҳои муттаҳидаи техникии шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом ва мактаби автомобилии шаҳри Панҷекент пешсаф буданд. Байни кумитаҳои шаҳриву ноҳиявӣ бошад, созмонҳои мудофиавии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров ва Масчоҳ соҳиби холҳои баланд гардиданд.Ғолибон бо медал, диплом ва ҷоми мусобиқа сарфароз шуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ “Ховар” сардори Хадамоти матбуоти Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ Абдурақиб Қодиров иттилоъ дод.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






