Кӯлоб: Имтиҳони қабул тариқи тестӣ
Кӯлоб, 8.07.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар шаҳри Кӯлоб аз субҳи барвақт дар назди марказҳои милии тестӣ довталабон барои супоридани имтиҳони қабул ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Барои супоридани имтиҳон бо низоми нав дар шаҳри Кӯлоб ҳама шароитҳо муҳайё карда шудааст. Ба қавли Пирмурод Сабуров мудири маорифи ш.Кулоб қабл аз оғози имтиҳон роҳбарияти шаҳр ва намояндагони вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи довталабонро табрик гуфта ба онҳо дар супоридани имтиҳон муваффақият таманно намуданд. Тибқи низомнома ҳар як довталаб бо ҳуҷҷатҳои расмӣ вориди бино гардида барои супоридани имтиҳон ба синфхонаҳо гузаронида мешаванд. Довталабон қаблан бо низоми нави имтиҳонсупорӣ шинос гадидаанд ва ин усулро хуб қабул доранд. Низоми нави имтиҳони қабул ба макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро волидайни довталабон хеле хуш пазируфтанд, зеро ба гуфти онҳо солҳои қаблӣ фақат дар рафтуомади фарзандонашон ҳангоми супоридани имтиҳон маблағи калон масраф мекарданд. Мавриди зикр аст, ки синфхонаҳои мактабҳое, ки дар он имтиҳонҳои марказонидашуда баргузор мешавад камераҳои назоратӣ насб шудааст ва дилгоҳ ҳаракати имтиҳонгирандаву довталабонро волидайн метавонанд тарики телевизорҳо назорат намоянд ва аз рафти имтиҳонсупории фарзандони худ огаҳ бошанд. Аз ин рӯ шаффофият таъмин карда шудааст. Ба гуфти масъулон аз санаи 1-ум то 5-ум довталабони ҳамаи 5 кластерҳо имтиҳони аввал месупоранд ва баъдан аз 7-ум то 11-уми июл барои довталабон имтиҳонҳои ихтисосӣ муайян шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






