Кӯмак ба мактаб-интернати ноҳияи Ёвон
Душанбе, 25.07.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Имрӯз дар арафаи иди саиди фитр бо дастгирии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Роҳбар ба маблағи 3500 сомонӣ маҳсулотҳои ғизоӣ аз ҷумла; биринҷ, равған, макарон ва ғайра ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кудакони ятиму бепарастор ва камбизоати ноҳияи Ёвон кумак расонида шуд. Бошандагони мактаб-интарнати мазкур аз ғамхориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии вазорати кишоварзӣ изҳори миннадорӣ намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки мактаб-интернати ҷҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоати ноҳияи Ёвон навтаъсис буда, сарварии онро шахси хоксору меҳрубон муаллима Г.Бобоева ба ӯҳда дорад. Маҳз бо ташаббуси ӯ имрӯз синфхонаҳои мактаб- интернат таъмиру тармим гардида, атрофи бино гулу гулзор карда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои бошандагони мактаб-инетарнати мазкур ҳамчун хоҷагии ёрирасон замини алоҳида ҷудо намудааст, ки бо қувваи кормандону тарбиягирандагон боғ бунёд ёфта сабзавоту полезиҳо павариш карда мешавад. Мактаб интернат айни замон 202 нафар тарбиягирандагон, аз ҷумла 68 нафар духтарон ва 134 нафар писаронро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Аз ин шумора 5 нафарро ятимони кул, 167 нафар нимятимон ва 30 нафар аз оилаҳои камбизоат буда, баҳри хонишу истироҳат ва фароғати бошандагон тамоми шароитҳо аз ҷумла; ҳамом, ошхона, майдонҷаи варзишӣ, нуқтаи тиббӣ ва ғайра фароҳам оварда шудааст. Соли таҳсили ҷорӣ таълимгирандагони мактаб интернат дар озмунҳои фаннӣ, варзишӣ, экологии вилоятӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гариданд. Ба таълиму тарбияи бошандагони мактаб-интернат 18 нафар омӯзгорон 11 нафар мураббиёни пуртаҷриба ҷалб карда шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






