Кӯмаки «Тоҷикматлубот» ба тарбиятгирандагони Мурғоб
Душанбе, 18.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру эҳсон аст, Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» -и ҷумҳурӣ ҷиҳати кӯмак ба тарбиятгирандагони интернати наздимактабии №7 -и ноҳияи дурдасти Мурғоб чор ҳазор сомонӣ ирсол намудааст. Ҳамчунин ба оилаҳои камбизоат собиқадарони соҳа дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд. Сироҷиддин Валиев -раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ 18 июл дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон доир ба фаъолияти ин ниҳод дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ гузориш дода, гуфт, ки даромади умумии аз натиҷаи фаъолият бадастомада беш аз 58 миллион сомониро ташкил дод, ки афзоиши он нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 9 миллион сомонӣ зиёд аст.Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми чаканаи мол ба 73 миллион сомонӣ расонида шуда, ки аз он беш аз 18 миллион сомониро муомилоти моли муассисаҳои хӯроки умумӣ ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба соли 2013 мутаносибан 3 ва 8 миллион сомонӣ зиёд аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






