Кишти пунбадона 13711 га нисбати соли гузашта кам мебошад
Душанбе, 17.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Тибқи маълумотҳои оморӣ кишоварзони ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар масоҳати 177620 гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки 89,1 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13711 гектар кам мебошад, гуфт Давлаталӣ Ҳотамов муовини аввали вазири кишоварзии ҷумҳурӣ.Ҳамчунин зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ баҳри самаранок ва оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб заминҳои обӣ ва гирифтани на камтар ду ҳосил аз як замини хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил дар масоҳати 40737 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо -19576 гектар, зироатҳои техникӣ-1100, картошка-303, сабзавот-3487, полезӣ-2225 ва зироатҳои хӯроки чорво-14046 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба ғайр аз ғалладона, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво дигар маҳсулотҳо аз 108,0 фоиз то 3,4 маротиба зиёд шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






