Китоби А.Абдуҷаббор «Фарзанди сарзамини қазоқ»
Душанбе, 23.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Фарзанди сарзамини қазоқ»таҳти чунин унвон китоби нависанда ва тарҷумон, доктори фахрии фалсафа дар соҳаи адабиёт, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷаббор дар нашриёти «Истеъдод» ба чоп расид.Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, асар ба ифтихори рӯзгор ва тақдири эҷодии басо ибратомӯзи яке аз чеҳраҳои намоёну нодири фарҳангу санъати муосири Қазоқистон, Ҳунарпешаи халқии СССР, барандаи мукофоти давлатии СССР, ҷоизаҳои байналмилалӣ Асаналӣ Ашимов бахшида шудааст.Китоб, ки бо сарсухани сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Агибай Смагулов ифтитоҳ меёбад, аз бист боб иборат буда, сарчашмаҳои иттилоотӣ оид ба шахсияти актёри театру кино ва силсилаи калони аксҳои нақшҳои офаридаи ӯро дар саҳнаи театри машҳури академӣ-драмавии ба номи Мухтор Авезов ва кинои қазоқ фарогир аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






