Китоби нав дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон
Хоруғ, 30.07.2014. (АМИТ “Ховар”, Файз Мирасан).-Дар шаҳри Душанбе пойтахти кишвар китоби нав таҳти унвони “Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар рушди маорифи Тоҷикистон” , ки ба қалами дотсенти Донишгоҳи шаҳри Хоруғ номзади илмҳои фалсафа Ғарибшо Ғарибшоев ва номзади илмҳои таърих, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Қурбон Аламшоев тааллуқ дорад, бо теъдоди ҳазор дона ба нашр расид. Китоби мазкурро, ки ба 115- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида шудааст, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи илмҳои Тоҷикистон ба нашр расондаанд.Дар китоб аз нақши Шоҳтемур дар таъсиси нахустин мактаби дунявии шуравӣ дар деҳаи Хоруғ дар соли 1922, ифтитоҳи аввалин донишгоҳи олии тоҷикӣ Таджикинпрос ё худ Институти маорифи тоҷикӣ дар шаҳри Тошканд ва таъсиси Институти хоҷагии қишлоқ дар шаҳри Душанбе ҳикоят карда мешавад.Ширишоҳ Шоҳтемур дар тӯли солҳои дароз сардори ситоди ҷумҳуривии маҳви бесаводӣ буд ва барои саросар босавод кардани тоҷикистониён хизматҳои арзандае кардааст.Аз китоб, ки барои пажӯҳандагони таърих, донишҷӯен ва оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст, дар бораи рушди маорифи халқ дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус нақши муассири фарзанди вафодори миллат Шириншоҳ Шоҳтемур факту далелҳои ҷолиберо пайдо намудан мумкин аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






